Articles




793. Ривоят аст, ки Усмон (р) аз њаљљи таматтўъ ва аз љамъ кардан байни умра ва њаљ нањї намуд, чун Алї (р) ин чизро дид, њаљ ва умраро бо њам ният намуда ва гуфт: Суннати Паёмбари Худо (с)-ро ба гуфтаи њељ касе тарк нахоњам кард.





794. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: (Ањли љоњилият) фикр мекарданд, ки умра намудан дар моњњои њаљ аз бадтарин корњои зишт дар рўи замин аст, аз ин чињат моњи Муњаррамро Сафар меномиданд ва мегуфтанд: Њангоме, ки пушти шутурон илтиём ёфта ва асари пойи шутурон аз роњњо мањв гардид ва моњи сафар хориљ шуд, умра барои касе, ки нияти умра карданро дошта бошад, раво мегардад. Паёмбари Худо (с) ва сањоба (р) субњи рўзи чањоруми Зулњиљља ба нияти адои њаљ ба Макка расиданд ва Паёмбари Худо (с) ба онњо амр намуданд, то њаљљи худро ба умра табдил намоянд (ва худро њалол созанд), ин кор бар асњоб (р) душвор тамом шуд, гуфтанд: Ё Расулаллоњ! Ин чї навъ њалол сохтанї аст? Фармуданд: "Њалол сохтани комил."





795. Аз Њафса (р) њамсари Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки гуфт: Чї сабаб аст, ки мардум баъд аз адои умра худро њалол месозанд ва шумо худро њалол насохтед? Фармуданд: Ман сари худро мулаббад сохтам (талбид-иборат аз истеъмол намудани чизе ба мўи cap, ѓараз часпидани он ба якдигар аст, монанди њино ва амсоли он) ва њадяи худро нишонадор намудаам, то њангоме, ки шутурамро забњ накунам, худро њалол нахоњам сохт."





796. Ривоят аст, ки шахсе аз Ибни Аббос (р) рољеъ ба њаљљи таматтўъ пурсон намуд ва гуфт: Мардум маро аз анљом додани он нањї менамоянд. (Ибни Аббос (р) ўро ба анљом додани њаљљи таматтўъ амр намуд.





Он шахе (баъд аз адои њаљљи таматтўъ) гуфт: Дар хоб дидам, ки гўё шахсе ба ман мегўяд: Њаљљи ту њаљљи нек ва маќбуле аст ва умраат умраи нек ва маќбуле аст. Аз хобе, ки дида буд, ба Ибни Аббос (р) хабар дод, ў гуфт: Сабаб он аст, ки (њаљљи таматтўъ) суннати Паёмбари Худо (с) аст.





797. Аз Љобир ибни Абдуллоњ (р) ривоят аст, ки гуфт: Бо Паёмбари Худо (с) дар њамон соле, ки шутурони њадяро бо худ бурда буданд, њаљ намудам. Паёмбари Худо (с) ба мардум гуфтанд: Баъд аз тавоф ба хона ва саъй байни Сафо ва Марва худро њалол бисозед ва мўйи сари худро кўтоњ намоед.





Баъд аз он њамин тавр дар њолати њалол то рўзи (тарвия) боќї бимонед ва дар ин рўз талбия гуфта, нияти њаљ намоед ва ба ин тарик њаљљи муфидеро, ки ният карда будед, ба њаљљи таматтўъ мубаддал созед.





Сањоба (р) гуфтанд: Чї гуна њаљро ба умра мубаддал созем, дар њоле, ки ба нияти њаљ эњром баста будем? Фармуданд: "Он чиро ба шумо амр мекунам, анљом дињед, агар ман њам (њадяро) ќаблан нафиристода будам, њамин кореро, ки ба шумо мегўям, анљом медодам, вале акнун то њангоме, ки њадя дар љои муайянаш нарасад, ба њељ шакле худро њалол сохта наметавонам." (Сањоба чун инро шуниданд) мувофиќи амри Паёмбари Худо (с) амал намуданд.





БОБИ 22. Њаљљи таматтўъ





798. Аз Имрон (р) ривоят аст, ки гуфт: Моён дар замони Паёмбари Худо (с) њаљљи таматтўъро анљом додем ва Ќуръон њам мувофиќи он нозил гардид. Баъд аз он шахсе ба раъйи худ чизе, ки ба назараш омад, гуфт.





БОБИ 23. Аз куљо бояд ба Макка дохил гардид





799. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) ба Макка аз роњи Кадо аз ќисмати болои он ба Батњо аст, дохил гардиданд ва њангоми хориљ шудан аз Макка аз ќисмати поёни он хориљ шуданд.





БОБИ 24. Фазилати Макка ва бинои он





800. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) суол намудам, ки оё ин девори кўтоњ љузъе аз хона аст? Фармуданд: "Бале." Гуфтам: Пас чаро онро ба хона дохил накарданд? Фармуданд: "Имконоти ќавми ту камї намуд."





Гуфтам: Чаро дарвозаи хона баланд сохта шудааст? Фармуданд: "Ќавми ту аз ин љињат чунин карданд, то њар киро хоста бошанд, барояш иљозаи дохил шудан бидињанд ва њар киро нахоста бошанд, аз дохил шудан манъ намоянд. Агар ќавми ту тозаошно ба љоњилият намебуданя ва хавфи озурдагии хотири онњо намебуд, деворро ба хона дохил намуда ва дарвозаи хонаро њам кафи замин месохтам."





801. Ва дар ривояти дигаре аз Оиши (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: "Эй Оиша, агар ќавми ту тоза ба љоњилиятро тарк накарда буданд, амр мекардам, ки хонаро хароб намуда ва он чиро, ки аз хона берун монда буд, дубора ба хона пайваст менамудам ва дарвозаашро њам кафи замин месохтам ва барояш ду дарвоза, яке шарќї ва дигаре ѓарбї ќарор медодам ва ба ин тариќ хонаро мутобиќи асоси Иброњим (ъ) месохтам."





БОБИ 25. Мерос бурдани хонањои Макка ва хариду





фурўши онњо ва ин, ки мардумон дар Масљиди њаром бо





њам баробаранд





802. Ривоят аст, ки Усома ибни Зайд (р) аз Пайѓамбари Худо пурсид: Ё Расулаллоњ! Оё дар Макка дар хонаи худ манзилгузин мешавед? Фармуданд: " Магар Аќил барои мо хона ва манзиле гузоштааст?" Аќил ва Толиб чун дар ваќти марги Абўтолиб њанўз мусалмон нашуда буданд, аз Абўтолиб мерос бурданд, вале Љаъфар ва Алї (р) чун мусалмон шуда буданд, аз вай мерос набурданд.





БОБИ 26. ЌУДУМИ Паёмбари Худо (с) ба Макка





803. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Пайѓамбари Худо (с) њангоми (омадан аз Мино ба сўи) Макка фармуданд: "Манзили фардо-иншооллоњ дар домани пуштаи бани Канона, чойе, ки Ќурайш бар алайњи бани Њошим паймон баста буданд, хоњам буд."





Ва ин минтаќа иборат аз регзоре буд, ки њампаймонии Ќурайш ва Канона бар алайњи бани Њошим ва бани Абдулмутталиб дар ин љо сурат гирифта буд, ќасам ёд карда буданд, то ваќте, ки онњо Паёмбари Худо (с)-ро барояшон таслим надињанд на ба онњо хешовандї мекунанд ва на њам ба онњо хариду фурўш хоњанд кард.





БОБИ 27. Инхидоми Каъба





804. Аз Абўњурайра (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: " Хонаи Каъбаро шахсе аз Њабаша, ки соќї пойњояш борик аст, мунњадим месозад."





БОБИ 28. Ин ќавли Худованд, ки «Худованд Каъбаи Байтулњаромро аломати ќиёми дин карор додааст...»


(Моида: 97)





805. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Пеш аз он, ки Рамазон фарз гардад, рўзи Ошуроро рўза мегирифтанд ва дар њамин рўз буд, ки хонаи Каъбаро рўпўш мекарданд ва чун Худованди мутаъол Рамазонро фарз гардонид, Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Њар кї мехоњад рўзи Ошуроро рўза бигирад ва њар кї мехохад, рўза нагирад."





806. Аз Абўсаъиди Худрї (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: "Баъд аз хуруљи Яъљуљ ва Маъљуљ боз њам мардум барои њаљ ва умра хонаи Каъба меоянд.»





БОБИ 29. Инхидоми Каъба





807. Аз Ибни Аббос (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: "Њамин њоло (њамон касе, ки хонаро вайрон хоњад сохт, мебинам), шахсе аст, ки сиёњчењра, соќњои пояш аз якдигар кушода, сангњои хонаро яке пас аз дигаре бармеканад."





БОБИ 30. Он чи, ки дар мавриди Њаљаруласвад омадааст





808. Ривоят аст, ки Умар (р) Њаљаруласвадро бўсид ва гуфт: Ман медонам, ки ту санге њастї, ки на зарар расонида метавонї ва на фоида, агар намедидам, ки Паёмбари Худо (с) туро бўсидаанд, њаргиз туро намебўсидам.





БОБИ 31. Касе, ки ба Каъба дохил нагардид





809. Аз Абдуллоњ ибни Абўавфо (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) дар умра ба хона тавоф намуданд, баъд аз он пушти маќоми Иброњим (ъ), дар њоле, ки касоне эшонро аз издињоми мардум њифозат мекарданд, ду ракаат намоз адо намуданд. Касе аз Абдуллоњ ибни Абўавфо пурсид: Оё Паёмбари Худо (с) ба хонаи Каъба дохил гардиданд. Гуфт: «На».





БОБИ 32. Касе, ки дар атрофи хонаи Каъба такбир





гуфтааст





810. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Њангоме, ки Паёмбари Худо (с) ба Макка омаданд, нисбати вуљуди бутњо аз дохил шудан ба хонаи Каъба худдорї намуданд ва њамон буд, ки ба амри Паёмбари Худо (с) бутњоро аз хона хориљ сохтанд.





Аз он љумла муљассамаи Иброњим ва Исмоил (ъ) буд, ки азломро дар дасти онњо нињода буданд (азлом-иборат аз авроќе буд, ки дар баъзе аз онњо навишта шуда буд «Бикун» ва дар баъзе навишта шуда буд «Макун» ва касе, ки мехост ба коре иќдом варзад, яке аз он вараќњо| бардошта ва мувофиќи он амал мекард).





Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Худованд мушрикини Ќурайшро лаънат кунад ва ба Худованд ќасам, ки онњо хуб медонистанд, Иброњим ва Исмоил (ъ) њаргиз таъйини сарнавишти худро ба азлом намекарданд."





Баъд аз он Паёмбари Худо (с) ба хона дохил гардида ва дар атрофи хона такбир гуфтанд, вале дар дохили хона намоз нахонданд.





БОБИ 33. Ибтидои машруъияти рамал чї гуна буд?





811. Ва аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Њангоме ки Паёмбари Худо (с) ва асњоб (р) ба Макка омаданд, мушрикин бо якдигар гуфтанд: Касоне, ки назди шумо меоянд, табби шањри Мадина онњоро хаста ва нотавон сохтааст.





Паёмбари Худо (с) амр намуданд, то дар се шавти аввали тавофи рамал намоянд. Яъне пањлавонмаобона тавоф намоянд, вале дар ду рукни ямонї ва рукни Њаљаруласвад бояд ба таври оддї тавоф намоянд ва ин, ки дар њамаи њафт шавт онњоро ба рамал амр накарданд, сабабаш шафќат ва мењрубонї бар онњо буд.





БОБИ 34. Истиломи Њаљаруласвад дар ваќти ќудуми





Макка ва шурўъ кардан ба тавоф ва (рамал) намудан





дар се шавти аввал





812. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки њангоми ќудум ба Макка ва шурўъ намудан ба тавоф Њаљаруласвадро истилом карданд ва дар се шавти аввал рамал намуданд.





БОБИ 35. Рамал намудан дар њаљ ва умра





813. Аз Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Акнун чї лозим аст, ки рамал намоем? Рамал фаќат љињати изњори ќувват барои мушрикин буд ва акнун Худованди мутаъол онњоро аз байн бурдааст. Сипас худаш гуфт: Рамал чизе аст, ки Паёмбари Худо (с) анљом додаанд, аз ин љињат намехоњем онро тарк намоем.





814. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз ваќте, ки дидам Паёмбари Худо (с) рукни ямонй ва рукни Њаљар-ул-асвадро истилом менамоянд, истиломи онњоро дар ваќти издињом ва ѓайри издињом тарк накардаам.





БОБИ 36. Истиломи рукни њаљаруласвад ба асо





815. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) тавофи видоъро бар болои шутур анљом доданд ва Њаљаруласвадро бо асое истилом менамуданд.





БОБИ 37. Бусидани Њаљаруласвад





816. Ривоят аст, ки шахсе аз Ибни Умар (р) дар мавриди истиломи Њаљаруласвад суол намуд, дар љавоб гуфт: Ман Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки Њаљаруласвадро истилом намуда ва бўсиданд. Он шахс гуфт: Њатто агар издињом бошад ва истиломи Њаљаруласвад сабаби лагадмолиам шавад? Ибни Умар (р) гуфт: «Агар чунин шудам ва агар чунон шудам»-ро дар Яман биандоз (суолкунанда аз Яман буд). Ман ба ту мегўям, ки Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки Њаљаруласвадро истилом намуда ва бўсиданд."





БОБИ 38. Касе, ки њангоми ќудум ба Макка пеш аз рафтан ба хонааш ба хонаи Каъба тавоф намудааст





817. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) њангоми ќудум ба Макка аввалин кореро, ки карданд, ин буд, ки вузў сохтанд ва тавоф намуданд, вале баъд аз тавоф кардан умраро анљом надоданд. Баъд аз он Абўбакр ва Умар (р) ба њамин тариќ њаљ намуданд.





818. Њадиси Ибни Умар (р) дар мавриди ќудуми Паёмбари Худо (с) ба Макка анќариб гузашт ва дар ин ривоят омадааст, ки Паёмбари Худо (с) баъд аз анљом додани тавоф ду ракаат намоз мехонданд ва баъд аз он байни Сафо ва Марва сайъ менамуданд.





БОБИ 39. Сухан задан дар њангоми тавоф





819. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) њангоми тавоф диданд, ки шахсе дасти шахси дигареро бо нахе ё ресмоне ба дасти худ баста ва ўро бо худ тавоф медињад. Паёмбари Худо (с) он нахро канда фармуданд: "Дасташро бигир ва ўро бо худ тавоф бидењ."





БОБИ 40. Набояд касе хонаи Каъбаро урён тавоф кунад ва набояд мушрике њаљ намояд





820. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) дар њаљље, ки пеш аз њаљат-ул-вадоъ буд, Абўбакри Сиддиќ (р)-ро амири њаљ таъйин намуданд ва Абўбакр (р) Абўњурайра (р)-ро бо гурўњи дигаре муваззаф сохт, то дар рўзи ид эълон намоянд, ки баъд аз имсол набояд њељ мушрике њаљ кунад ва ё шахси урёне хонаро тавоф намояд.





БОБИ 41. Касе, ки пеш аз рафтан ба Арафот хонаи Каъбаро тавоф нанамуда ва баъд аз тавофи аввал бозгаштааст





821. Аз Абдуллоњ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) њангоми ќудум ба Макка хонаро тавоф карданд ва байни Сафв ва Марва саъй намуданд. Баъд аз тавоф кардан то њангоми баргаштан аз Арафот дигар ба Каъба наздик нашуданд.





БОБИ 42. Об додан ба њољињо





822. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Аббос ибни Абдулмуталлиб аз Паёмбари Худо (с) иљоза хост, то нисбат ба об додаш барои њољињо айёми Миноро дар Макка бигзаронад ва Паёмбари Худо (с) ба ў иљоза доданд.





823. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) дар љое ки барои њољињо об медињанд, омада ва талаби об намуданд. Аббос (р) ба фарзандаш Фазл гуфт: Назди модарат бирав ва барои Паёмбари Худо (с) аз он љо об биёвар! Паёмбари Худо (с) гуфтанд: "Аз њамин љо бароям об бидењ."





Аббос (р) гуфт: Ё Расулаллоњ! Мардум дастњои худро дар об дохил мекунанд. Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Аз њамин љо бароям об бидењ.»





Аббос аз њамин љо барояшон об дод, обро нўшида, сипас тарафя (чоњи) Замзам омада ва диданд, ки (соќиён) барои мардум об дода ва кор мекунанд. Барои онњо фармуданд: "Ба њамин кори худ идома дињед, зеро кори нек ва писандидае аст."





Баъд аз он гуфтанд "Агар хавфи ин набошад, ки мардум аз дидаи ман издињом намуда ва мушкилоте барои шумо эљод мекунанд, меомадам ва ресмони обкаширо бар њамин љо, (яъне бар гардани худ) менињодам.»





824. Ва аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Барои Паёмбари Худо (с) аз Замзам об додам ва дар њоле, ки истода буданд, он обро нўшиданд. Ва дар ривояти дигаре мегўяд. Ва эшон дар ин рўз бар уштур савор буданд.





БОБИ 43. Вучуби саъй байни Сафо ва Марва





825. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки хоњарзодааш Урва ибни Зубайр (р) аз вай аз маънои ин ќавли Худованди мутаъол пурсид, ки мефармояд: «Сафо ва Марва аз шаъоири Худо аст. Касе, ки ба хона њаљ ва ё умра мекунад, боке нест, ки байни ин ду (яъне Сафо ва Марва) тавоф намояд.» (Баќара: 158) Ва гуфт: Ба Худованд ќасам, ки бинобар ин оят касе, ки байни Сафо ва Марва саъй нанамояд, бар вай гуноње нест.





Оиша (р) гуфт: Хоњарзодаи азизам! Сухани бисёр баде гуфтї, агар маънои оят тавре, ки ту таъвил намудї мебуд, чунин мегуфт, ки «боке нест, ки тавоф нанамоянд», вале ин оя дар бораи Ансор нозил гардид, ки пеш аз мусалмон шудан дар ваќти иродаи њаљ ба номи Манот, ки яке аз маъбудонашон буда ва рўи теппаи баланде ќарор дошт, нияти њаљ мекарданд ва аз саъй намудан байни Сафо ва Марва эњсоси гуноњ менамуданд.





Њангоме, ки мусалмон шуданд, аз Паёмбари Худо (с) аз њукми саъй байни Сафо ва Марва пурсида гуфтанд: Ё Расулаллоњ, мо аз саъй намудан байни Сафо ва Марва эњсоси гуноњ мекардем. Ва њамон буд, ки ин ќавли Худованди мутаъол нозил гардид, ки: Сафо ва Марва аз шаъоири Худо аст..., то охири оят.





Оиша (р) мегўяд: Паёмбари Худо (с) саъй байни Сафо ва Марваро суннат ќарор доданд ва барои њељ касе раво нест, ки онро тарк намояд.





БОБИ 44. Он чй, ки дар мавриди саъй байни Сафо ва


Марва омадааст





826. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) ваќте, ки тавофи аввалро анљом медоданд, дар се шавти аввали он рамал мекарданд ва чахор шавти дигарро ба таври оддї тавоф менамуданд ва дар њангоми саъй байни Сафо ва Марва аз дохили Масил (яъне љои љараёни сел) саъй менамуданд.





БОБИ 45. Зани хоиз тамоми маносики њаљ ба истиснои тавоф ба хонаро анљом медињад





827. Аз Љобир ибни Абдуллоњ (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) ва асњоб (р) нияти њаљ намуданд ва бо њељ кадом ба љуз Паёмбари Худо (с) ва Талња њадя набуд. Алї (р) дар њоле, ки бо вай њадя буд, аз Яман омад ва гуфт: Ман њаљчеро ният намудам, ки Паёмбари Худо (с) ният намуданд.





Паёмбари Худо (с) сањобаро амр намуданд, то њаљљи худро ба умра табдил намоянд. Баъд аз тавоф (ва саъй) мўйи сари худро кўтоњ намуда ва худро њалол созанд. Магар касе, ки њамроњаш њадя аст. Сањоба (р) гуфтанд: Мо ба тарафи Мино меравем ва аз олатњои мо манї мечакад.





Ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид ва фармуданд: "Агар чизеро, ки дар охир фањмидам, аз аввал мефањмидам, њадяро намефиристодам ва агар њадяро намефиристодам, њатман худро њалол месохтам."





БОБИ 46. Хрчй дар рўзи тарвия намози пешинро дар


куно бихонад?





828. Ривоят аст, ки шахсе ба Анас ибни Молик (р) гуфт: Чизеро, ки аз Паёмбари Худо (с) омўхтї, бароям биёмўз! Паёмбари Худо (с) дар рўзи тарвия намози пешин ва асрро дар куљо хонданд?



Recent Posts

Куҷо ҳастем аз ахлоқи ...

Куҷо ҳастем аз ахлоқи рузадорон?

Аснофи занҳо дар моҳи ...

Аснофи занҳо дар моҳи рамазон

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БО ...

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БОШ!